Тоҷикистон нақша дорад, ки содироти маҳсулотро ба вилояти Свердловски Русия се маротиба афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти озуқаворӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Русия ду-се баробар афзоиш меёбад. Дар ин бора ба ТАСС муовини аввали раиси Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Ёқубҷон Умаров иттилоъ дод.
Қаблан ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии содирот аз Екатеринбург дидан намуда буд. Иттилоъ дода шуд, ки ҷумҳурӣ ба афзоиши содироти меваю сабзавот ҳавасманд буда, вилояти Хатлон барои бастани созишномаи ҳамкорӣ омода аст.
«Ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Свердловск [дар ҷараёни намоишгоҳи «Иннопром» дар Екатеринбург] дидан кард, дар он ҷо намояндагони соҳаҳои гуногун ҳузур доштанд. Онҳо бо чанд соҳибкор дар мавриди интиқоли намак, сабзавот, меваҷот, меваи хушк шартнома бастаанд, ки ин аллакай натиҷа медиҳад», — гуфт ӯ ва афзуд, ки дар назар аст соли оянда ҳаҷми содироти маводи ғизоӣ тақрибан ду-се баробар зиёд карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади афзоиш додани гардиши мол дар Тоҷикистон сардхонаҳо месозанд. «Сардхонаҳо барои он заруранд, ки ҳосил ҷамъоварӣ шавад ва вайрон нагардад, аз он ҷо онро аллакай ба ин ҷо [ба вилояти Свердловск] фиристоданд», — гуфт Умаров.
АКС: Вадим Ахметов URA.RU








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






