Ҳунарпешаи тоҷик дар филми нави русӣ нақши асосиро бозид

Август 26, 2022 12:32

ДУШАНБЕ, 26.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 августи соли равон дар кинотеатрҳои Русия нахустнамоиши филми «Лена и справедливость» («Лена ва адолат») баргузор шуд, ки дар он нақшҳои асосиро ҳунарпешаи Театри академии драмавии вилояти Твер Юлия Бедарева ва ҳунарпешаи Тоҷикистон Парвиз Пӯлодӣ (ДАР АКС) бозидаанд.

Филм дар бораи модари шуҷои се фарзанд, фурӯшанда Лена (Юлия Бедарева) ва ҳамманзили ӯ Мақсуд (Парвиз Пӯлодӣ) аз оилаи зиёӣ қисса мекунад.

Парвиз Пӯлодӣ нақши як муҳоҷири тоҷики ошиқро бозидааст, ки бе ягон санад ба Русия рафт ва ба ин далел наметавонад зиндагии шахсии худро ба роҳ монад.

Ин ҷуфт (Мақсуд ва Лена) даҳ сол боз якҷо зиндагӣ мекунанд, хоҷагиро пеш мебаранд, фарзандонро ба воя мерасонанд, аммо бо сабабе, ки мард шиноснома надорад, онҳо наметавонанд расман муносибати худро ба расмият дароранд.

Лена зане ҳаст, ки барои бахту муҳаббат ва адолати худ мубориза мебарад. Ӯ орзуи туйи афсонавӣ,  ба бар кардани либоси сафед ва пеш бурдани зиндагии хушбахтона бо фарзандону шавҳарашро дорад.


Ҳамчунин дар филм мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ҳамдигарӣ, эҳтиром, гуногунии фарҳангҳо  ба намоиш гузошта шудаанд.

Коргардони филм Екатерина Вешева буда, сенарияро Елена Кисёлева навиштааст. Дар филм ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳунапешаи халқии Тоҷикистон Сороҷон Сабзалиева низ нақш иҷро намудаст.

ДАР АКСИ ПОЁН: саҳнаҳо аз филм

Август 26, 2022 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд