Варзишгари тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд

Август 27, 2022 09:30

ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Нурулло Муродов дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (ВТ) миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ки 23 август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам оғоз гардид, имрӯз 27 август ба анҷом мерасад.

Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Муҳаммадризо Шукуров (-51кг) ва Нурулло Муродов (-59кг) бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Негматов дар сабқатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд.

Нурулло дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо 5 огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷои сеюмро гирифт.

Муҳаммадризо дар аввалин муҳорибааш аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара шикаст хурд.

Ин дуюм медали таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон аст. Соли 2019 Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар Урдун, дар вазни -73кг медали биринҷӣ гирифта буд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 27, 2022 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид