Вазорати нақлиёт бо ширкати ISAN Corporation + М50 Consulting Group қарордод ба имзо расонид
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори филиали ширкати ISAN дар Алма-ато Джон Хи Де аз ҷониби ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group оид ба хизматрасониҳои машваратӣ ҷиҳати назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ қарордод ба имзо расониданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки он дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» амалӣ мешавад.
Дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» дар Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр ва сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва бунёди роҳи мошингард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла (I) Таҷдиди қитъаи Куруш – Бекобод бо дарозии — 12,3 км; (II) Таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии — 22,0 км; (III) Навсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км; (IV) Навсозии қитъаи Конибодом — Кучкак бо дарозии 10,3 км.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






