Заҳмати беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорони вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Заҳмати беш аз 2000 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди қадрдонӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Қадрдонии заҳмати омӯзгорон бо дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар он як гурӯҳ омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи таҷрибадор ва нафароне, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ дастовард доштанд, иштирок намуданд.
Ҳамзамон омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи зиёде аз шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар унвонҳо пешниҳод карда шудаанд, ки дар арафа ва баргузории ҷашнҳои муҳими милливу давлатӣ мукофотонида мешаванд.
Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии заҳмати омӯзгорон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб афзуда, омӯзгорони пуртаҷриба мавриди дастгирӣ қарор гирифта истодаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






