35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Ба пешвози ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб 462 иншоот бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва навсозии 462 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод соли равон 45 адад иншооти мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб.
Тибқи иттилои масъулин, аз 462 иншооте, ки ба нақша гирифта шудааст, 86 адади он ба соҳаи маориф, 48 адад ба соҳаи тандурустӣ, 40 адад ба соҳаи саноат, 16 адад дар самти варзиш, 44 адад дар соҳаи хизматрасонӣ, 40 адад дар соҳаи савдо, 33 бинои баландошёнаю маъмурӣ, 106 адад дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, 9 адад дар самти соҳилмустаҳкамкунӣ, як ададӣ дар самти энергетика ва ҳунармандӣ, 13 адад дар соҳаи кишоварзӣ, 4 адад дар соҳаи фарҳанг ва 21 адад дар дигар самтҳо рост меояд, ки баъди бунёд шуданашон садҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки 22 иншооти дигари ҷашнӣ, аз қабили ду корхонаи паррандапарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи Идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, бинои маъмурии Агентии «Тоҷикстандарт» дар минтақа ва Коллеҷи электоронии шаҳри Кӯлоб қисме мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, боқимондаҳо ба наздикӣ ба истифода дода мешаванд.
Айни замон дар 150 иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, онҳо марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Тибқи нақша дар шаҳри Кӯлоб бунёди 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз









Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустнамоиши «Бобоҷон Ғафуров» пешкаши тамошобинон мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Ҳамоиши ҷавонони Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Бо ҷалби волонтёрон дар пойтахт ҳашарҳои экологӣ гузаронида мешаванд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён 171 иншоот бунёд карда мешавад






