Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкорӣ ба Тоҷикистон омад

Сентябрь 6, 2022 09:26

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4-8 сентябр бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Анқара ва дигар вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Туркия ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

5 сентябр ҳайати болозикр бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти дигар вазорату идораҳо ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дар шаҳри Душанбе вохӯрии соҳибкор бо соҳибкор дар сиғаи “В2В” миёни ширкатҳои тоҷикӣ ва туркӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон тибқи барномаи сафар баргузории нишастҳои корӣ бо ҷалби доираи васеи ширкатҳои ду кишвар дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо дарназардошти боздид аз корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Акс: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия

 

Сентябрь 6, 2022 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд