Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ 1 ноябр доир мегардад

Сентябрь 21, 2022 14:02

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 1 ноябр таҳти раёсати Чин дар сиғаи конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад,  дар ин бора рӯзи сешанбе зимни брифинг намояндаи вижаи президенти Федератсияи Россия доир ба корҳои СҲШ, сафири дастурҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё СҲШ метавонад ҷойгузини созмонҳои низомиву иқтисодии ғарбӣ шавад, гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ вазифа нагузоштаем ва намегузорем, ки ҷойгузини касе шавем, мо рақобат намекунем ва ҳариф намешавем, ин дар оиннома возеҳ навишта шудааст. СҲШ бар зидди касе равона нашудааст”.

Ҳакимов ҳамчунин хабар дод, ки онҳо ният доранд забони англисиро дар СҲШ ба забони корӣ табдил диҳанд. «Болои он кор бурда истодаем, ки забони англисӣ расман яке аз забонҳои кории СҲШ гардад”,- гуфт ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2022 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд