ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. «Баъзе аз намояндагони ин мардум «хати қирмизӣ»-и ҳамсоядориро кайҳо дағалона убур карда буданд»- муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»

Сентябрь 20, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 20.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дар ҳама масъала, хосса масоили ба равобити байни кишварҳо рабтдошта назокатҳои дипломативу ҳамсоядорӣ бар мабнои «хати қирмизӣ» вуҷуд доранд. Вале қирғизҳо «хати қирмизӣ»-ро дағалона ва хеле пеш убур карда буданд»,- чунин ибрози назар намуд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Далер Абдулло дар робита ба ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хоки Тоҷикистон.

Ба зикри Далери Абдулло, қазияи Ворух ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Номбурда аз он нигарон аст, ки тибқи «анъана», як идда, ки вокуниш намудан вазифаи ҷониашон аст, бо вуҷуди аз ҳад гузаштани нописандии қирғизҳо то кунун хомӯшанд.

«Шояд фаромӯш кардаанд, ки Пешвои миллат «бетарафиро нишонаи марг» гуфта буданд»,-мегӯяд муовини Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум».

«Инкор намекунам, ки ҳама гуна муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди сар задани нофаҳмӣ, хосса миёни ҳамсояҳо набуду нест. Вале вақте як ҷониб бо зери по намудани муқаррароти шартномаҳои қаблан қабулшуда ва сарфи назар намудани қонунҳои байналмилалӣ ҳуқуқу манфиатҳои тарафи дигарро ба маънои томаш нақз мекунад, андешидани тадбир зарур ва ногузир мебошад», -мегӯяд Далери Абдулло.

«Хушбахтона, ба шарофати қаламкашони бонангу номус, ки Ватанро на бо сухан ва на ба хотири маснад дӯст медоранду ба арзишҳои милливу давлатӣ садоқати бепоён доранд, дар «набард»-и иттилоотӣ низ комёбем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи мавсуф, муҳим он аст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалиёти ҳарбиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ қатъ карда, неруҳо ва техникаи низомиро аз минтақаҳои наздимарзӣ ба макони ҷойгиршавии доимии худ баргардонанд, инчунин раванди гуфтушунидро бо мақсади ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои марзӣ идома диҳанд.

«Қазияи Ворух бори дигар собит намуд, ки мардуми шарифи кишвар дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид, ба арзишҳои милливу давлатӣ содиқанду арҷгузоранд ва аз ин лиҳоз касе наметавонад иттиҳоди моро рахна созад»,-таъкид намуд Д. Абдулло.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст