ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Қирғизони ноҳияи Лахш бо пуштибонӣ аз сиёсати Тоҷикистон амалҳои кишвари ҳамсояро маҳкум карданд

Сентябрь 19, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Қирғизони ноҳияи Лахш бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва маҷрӯҳ шудани сокинони осоишта ва низомиёни тоҷик, инчунин хисороти зиёд гардид, маҳкум карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Мо, қирғизони ноҳияи Лахш дар баробари тоҷикон барои ҳифзи пойдории истиқлолияти худ, Ваҳдати миллӣ ва тинҷию осудагии мардумамон худро масъул мешуморем ва ин амалҳои иғвогаронаи аз ҷониби Қирғизистон сарзадаро маҳкум менамоем», — омадааст дар муроҷиатномаи онҳо ба мардуми Қирғизистон.

Бо шукргузорӣ аз пойдории истиқлолият ва зикри таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, онҳо тазаккур додаанд, ки дар ноҳияи Лахш дар баробари тоҷикон чандин қарнҳо якҷоя умр ба сар бурда, дӯстона зиндагӣ доранд.

«Дӯстии мо бо мурури замон санҷишҳои бузургеро паси сар карда, мустаҳкаму пойдор гардидааст, — гуфта мешавад дар муроҷиатнома. — Муносибатҳои дӯстона ва ҳамзистии ду миллати бо ҳам қарин тӯли ин солҳо таҳкиму инкишоф ёфта, ба муносибатҳои ҳамхунию хешу таборӣ табдил ёфтааст. Дар ҳар хонадони ноҳия намояндагони ду миллат умр ба сар бурда, писар агар бо падараш бо забони тоҷикӣ суҳбат кунад, ба модараш бо забони қирғизӣ муроҷиат менамояд ва дар хонадони дигар баръакс».

Ин анъанаи нек ганҷи таърихӣ ва маънавии ду миллат буда, намунаи олии ибрат мебошад.

Ба гуфтаи қирғизони ноҳияи Лахш, онҳо аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳе, ки тибқи Конститутсия барои шаҳрвандони Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, истифода мебаранд ва зиндагии орому осуда доранд. Дар баробари тоҷикон аз обу хок ва замини ноҳия истифода мебаранд, дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок менамоянд ва зиндагиашонро пеш мебаранд.

Воқеаҳои рӯзҳои охир ва муноқишаҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон қирғизони ноҳияи Лахшро нороҳат сохта, дар назди хешону ҳамсоягони тоҷик сархам намудааст. Зеро бори аввал нест, ки ин амалҳои иғвогарона бо супориши баъзе роҳбарони ҷониби Қирғизистон, бахусус президенти ин кишвар Садир Жапаров ва раиси КДАМ ҶҚ Қамчибек Ташиев ва низомиёни он сар зада, боиси ҳалокати сарҳадбонон ва куштори аҳолии наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.


Қирғизони ноҳияи Лахш ба мардуми Қирғистон ва роҳбарони мақомоти давлатии он муроҷиат намуда, хоҳиш намудаанд, ки барои ҳарчи тезтар хомӯш кардани оташи ҷанг ва сари мизи гуфтушунидҳо овардани масъулини ҳарду ҷониб ва хотима бахшидан ба ин нофаҳмиҳо андешаронӣ кунанд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: Хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Исфара, ки бар асари ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистон пурра хароб гаштаанд. Акс: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мавлоно бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифат мебошанд»
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ. Маблағҳои сарфашуда барои беҳдошти саломатӣ, таҳсили фарзандон ва шароити хуби хонаводаҳо равона гардид
Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилоби маънавию фарҳангиро ба вуҷуд овард
Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад