ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст, — Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламо
ДУШАНБЕ, 19.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд». Чунин баёни назар намуд Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода вобаста ба ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16 сентябр ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки дар натиҷаи он 12 нафар сокини осоиштаи ин диёр зимни ибодат кушта шуданд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки «навореро дидам, ки чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани таркиши масҷиди мазкур қаҳ-қаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд, ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд».
«Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепаронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худовандаи азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд», — гуфт Саидмукаррам Абдуқодирзода.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






