Ба ифтихори Рӯзи дониш ба тарбиятгирандагони интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш туҳфаҳо тақдим шуданд
ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори муваффақ аз ноҳияи Вахш, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Нуралӣ Ризоев бахшида ба Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба 287 нафар тарбиятгирандагони Муассиса–интернати кӯдакони ятиму бепарастори ба номи Мирзо Сатторови ноҳияи Вахш либоси мактабӣ, пойафзолу ҷузвдон тақдим намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат доир шуд, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва масъулини ноҳия иштирок намуданд.
«Роҳандозӣ гардидани чунин ташаббусҳои нек аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ аз як ҷиҳат ба рӯҳбаланд гардидани хонандагон мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, кори хайру савоб мебошад»,- изҳор дошт Н. Ҳусейнзода.
Аз чунин иқдоми наҷиб хонандагони ин боргоҳи маърифат хушҳол гардида, миннатдории худро бо қироати шеърҳо ба ифтихори Рӯзи дониш ва васфи сулҳу ваҳдати миллӣ баён доштанд.
Пас аз ҷамъбасти ҳамоиш омӯзгорон, хонандагон ва меҳмонон суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш дар мамлакат ба таври мустақим тамошо карданд.
Зимнан дар ин рӯз соҳибкори ватандӯсту саховатпеша Нуралӣ Ризоев барои хонандагони муассисаи мазкур дастархони идона орост.
АКС аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






