Барои бунёди корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиён созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва аз ҷониби ҶДММ «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» Директори генералӣ Саидисматулло Валиев имзо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 июли соли 2022 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон»-ро қабул карда, созишномаро маъқул шуморида буд.
Тибқи ин созишнома, Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» уҳдадор мешавад, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи бузурги истеҳсоли семент бунёд намояд.
«Ин созишнома бо мақсади афзоиш додани иқтидори истеҳсоливу саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва воридоти технологияи муосири истеҳсолӣ ба имзо расонида шуд. Иҷрои ин лоиҳа ба стратегия ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди саноат ва афзоиши содирот мувофиқ мебошад», — гуфт Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода баъд аз маросими имзои созишнома.
«Лоиҳаи мазкур, қабл аз ҳама, бо ҳадафи баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, манбаи нави даромад ба Буҷети давлатӣ татбиқ мешавад. Ин лоиҳа дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ хоҳад гардид», — изҳор дошт Директори генералии Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» Саидисматулло Валиев.
Ба гуфтаи масъулон, лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 2 млн тонна сементи навъи ба сулфат тобовар ва сементи навъи М-400 мебошад.
Пешбинӣ шудааст, ки барои бунёди корхона таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафта ворид ва бо дарназардошти меъёрҳои муҳитзистӣ насб карда шаванд.
То ин замон аз ҷониби ширкат якчанд корҳои аввалини зерсохторӣ, аз ҷумла, ҳамворкунии замину роҳ, кашидани хаттҳои обу барқ, ташхисҳои таркиби захираҳои истифодашаванда, лоиҳакашӣ ва корҳои топографӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Бино ба талаботи лоиҳавӣ, роҳи мошингард то мавзеи ҷойгиршавии корхона тибқи меъёрҳои байналмилалии боркашонӣ навсозӣ шуда, ҳамзамон аз саристгоҳи асосии барқи ноҳия то мавзеи сохтмон барои таъмини талаботи тавлидотии корхона хатти баландшиддати энергияи барқӣ кашида мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, роҳи оҳане, ки аз канори мавзеи бунёди корхона убур мекунад, таъмир ва навсозӣ карда шавад.
Дар назар аст, ки Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон рӯзҳои наздик барои баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ








Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расонида шуд
Тоҷикистон ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ қадамҳои устувор мегузорад
Озмуни ҷумҳуриявии «Таҳияи Платформаи рақамии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ҷамъбаст гардид
Таҷдид ва навсозии гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ шуд






