Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи Исфара таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ дар деҳоти Чоркуҳ ва Сурхи шаҳри Исфара таҳти таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бо супориши Сарвари давлат имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидааст, боздид намуд.
«Барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тибқи супориши Сарвари давлат имрӯз аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд», — таъкид кард Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон.


Ба гуфтаи ӯ, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии неруи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Исфара аз ҷониби Сарвари давлат супоришҳои мушаххас дода шудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.
Тавре чанде пеш иттилоъ додем, 21 сентябр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд равон карда шуд.

Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Кумаки зикршуда асосан оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз чунин кумакҳои моддӣ ба оилаҳои зарардида ҷудо карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/АМИТ «Ховар»








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






