БИСЁРИҲО МЕХОҲАНД ТАБИБ ШАВАНД. Донишҷӯён дар Тоҷикистон кадом донишгоҳҳо ва ихтисосҳоро интихоб кардаанд?

Сентябрь 1, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/.  «Табибӣ яке аз бонуфузтарин ва афзалтарин касб дар Тоҷикистон аст. Ин кори бисёр пуршараф ва масъулиятнок аст, зеро саломатӣ ва баъзан ҳаёти одамон низ аз он вобастагӣ дорад»,-иброз намуданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар Душанбе.

Маълумоте, ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон дастрас гардид, суханони Сарвари давлатро тасдиқ менамоянд: бисёриҳо мехоҳанд табиб шаванд ва мардумро табобат кунанд.

Ҳамин тавр, имсол ба донишгоҳҳои ҷумҳурӣ 43 998 довталаб, 15740 нафар дар заминаи синфҳои 11 ва 7745 ҳазор нафар бо маълумоти умумии асосӣ (дар заминаи синфи 9) ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Сараввал барои иштирок дар санҷиши тестӣ дар заминаи синфи 11 82 718 нафар, яъне довталабони дорои маълумоти умумӣ ва довталабони дорои маълумоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷат супориданд.

Миёни довталабони дорои таҳсили умумии асосӣ дар заминаи синфи 9 зиёда аз 13 000 нафар буданд.

Тибқи иттилои Маркази миллии тестӣ, донишҷӯёни тоҷик, мутаассифона, ба ихтисосҳои кластери якум ва дуюм (табиӣ-техникӣ, иқтисод ва ҷуғрофия) камтар ва ба кластери панҷум (тибб, биология ва варзиш) бештар таваҷҷуҳ кардаанд.

Маъруфтарин самтҳои касбии ҷавонони тоҷик «Эпидемиология», «Андозбандӣ», «Ташхиси судӣ» буданд.  Озмун аз рӯи ин ихтисосҳо барои як ҷой мутаносибан бештар аз 364 нафар, 388 нафар, зиёда аз 364 нафарро фаро мегирад.

Дар баробари ин аз ҷиҳати шумораи довталабон касбҳои соҳаи тиб- «Кори тиббӣ» —бо зиёда аз 16 ҳазор нафар, «Педиатрия» — бо беш аз 12 ҳазор нафар довталабон пешсафанд.

Ҳамчунин миёни интихоби шакли таҳсил дар асоси пулакӣ интихоби довталабон бештар ба шакли рӯзонаи таҳсил дар риштаи «Кори тиббӣ» рост меояд, ки  8252 довталабро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки бар асоси аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабон барои интихоби ихтисосҳо сокинони Тоҷикистон бештар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»