Дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 12.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Ҷамоати деҳоти Понғоз тариқи ҳашар бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти маркази матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Ҳоло бо ҳадафи бунёди бино корҳои таҳкурсигузорӣ ҷараён доранд. Бо мақсади дастгирӣ ва шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода аз маркази ҷамоати деҳоти мазкур дидан намуда, бо сокинон вохӯрӣ анҷом дод.
Зикр шуд, ки бунёди бинои Хадамоти давлати оташнишонӣ дар Ҷамоати Понғоз саривақтӣ буда, дар ободониву созандагӣ саҳми сокинони саховатпешаи ҷамоат калон аст.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Понғоз беш аз 32 ҳазор аҳолӣ дар 4 деҳа зиндагӣ доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






