Дар Қазоқистон нишасти сарони давлатҳои ИДМ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябри соли 2022 дар пойтахти Қазоқистон — шаҳри Остона ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ, ҳамчунин нишасти Шӯрои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва нишасти «Осиёи Марказӣ-Россия» баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар доданд.
Ба ин муносибат Вазорати корхои хоричии Қазоқистон барои намояндагони матбуот муроҷиатномаи махсус нашр кард.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон кушодашавии аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиро барои инъикоси рӯйдодҳои зерин эълон мекунад: 13 октябр – нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, 14 октябр — ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, 14 октябр – нишасти «Осиёи Марказӣ- Россия»,- гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Баъдан дар ҳуҷҷат шартҳои гирифтани аккредитатсия нишон дода шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






