Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озмуни «Ихтироъкор» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҷалби ихтироъкорони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат озмуни «Ихтироъкор» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур.
Дар робита ба ин бо ибтикори ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар саҳни даромадгоҳи бинои асосӣ намоиши дастовардҳои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон доир шуд.
Дар намоиш аз ҷониби садорати 14 факултети донишгоҳ дастовардҳо, аз ҷумла китобҳои муфиди дарсии солҳои 2019-2022 таълифшуда, донишномаҳо, медалу ҷоизаҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиб шудаанд, шаҳодатномаҳо, диплому медалҳо ва патентҳое, ки барои ихтироъкорӣ ба даст овардаанд, рӯнамоӣ гардиданд.
Ректори донишгоҳ зимни боздид иброз дошт, ки мақсад аз рӯнамоӣ-муаррифии дастовардҳои донишгоҳ ва инчунин ташвиқи омӯзгорону олимон ба таълифи бештари китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ, дарёфти ихтироъкорон, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба навовариву ихтироъкорӣ мебошад.
Аҳлиддин Ибодуллозода ба хотири муаррифӣ намудани ихтироъкориву навоварони воқеии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони 31 соли соҳибистиқлолӣ ба масъулини бахши илм дастур дод, ки низомномаи баргузории озмуни «Ихтироъкор»-ро таҳия намуда, 27 сентябр бо ҷалби ихтироъкорони дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон озмуни мазкурро баргузор намоянд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






