Дар Душанбе доир ба банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ давраи омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ: ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи буҷети гендерии соҳаи маорифи шаҳрҳои Левакант ва Бӯстон даври чоруми омӯзишӣ баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.
Дар ҷамъбасти давраи мазкур Директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академия Бибиосия Аюбӣ ва намояндаи Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нушофарин Нозирӣ ба иштирокчиёне, ки дар машғулият ва иҷрои корҳои мустақилона фаъол буданд, 3 ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаҳои ташаккул ва рушд»-ро тақдим намуданд. Ҳамчунин шунавандагони дигари фаъоли машғулият барои корҳои мустақилона ва маърӯзаҳои ҷолиби диққат бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ барои шунавандагон бо усулҳои муосири таълим машғулияти ҷолиб гузаронида шуда, паҳлуҳои мухталифи баробарии гендерӣ, таҳияи буҷет бо дарназардошти масоили гендерӣ фаҳмонида шуд.
Дар ҷамъбасти машғулият ба шунавандагон гувоҳнома оид ба хатми давраи такмили ихтисос дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини баробарии гендерӣ пайваста дар чорчӯбаи амалисозии санадҳои барномавӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 барои тайёр кардани кадрҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ иқдомҳои мушаххас амалӣ менамояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






