Дар Роғун сохтмони роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳр оғоз гардид
РОҒУН, 11.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун корҳо ҷиҳати навсозии роҳи даромади шаҳр оғоз гардиданд. Корҳои сохтмонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба мақомоти дахлдори мамлакат дода буданд, шурӯъ гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе – Ваҳдат – Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» 11 километр мебошад. Роҳи мазкур дар даврони Шӯравӣ аз бетон сохта шудааст, ки то ин давра хароб гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳри Роғун мушкил гардида буд. Хушбахтона, марҳилаи аввали корҳои сохтмонии ин роҳ аз бетоншиканӣ оғоз гардида, муташаккилона идома дорад.
Муовини Раиси шаҳри Роғун Парвина Мусозода иброз намуд, ки «ин рӯйдоди фараҳбахш, ки бо супоришу ғамхориҳои Сарвари давлат оғоз шуд, мояи хушбахтӣ ва сарфарозии сокинони шаҳри Роғун гардидааст. Инак мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр ҳалли худро ёфта, сабаби рушди минбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад».
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун чораҳои зарурӣ бобати нигоҳдории босифати роҳ, фароҳам овардани шароити хуб барои коргарон ва дигар тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Даҳва ҷалби маблағгузории Қатарӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуд
30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд






