Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» бо дастаҳои Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад

Сентябрь 12, 2022 15:25

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври нимниҳоии Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд бо дастаи миллии Тринидад ва Тобаго бозӣ мекунад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» аз 22 то 25 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад. Дар даври нимниҳоии мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Тринидад ва Тобаго, Тайланд ва Малайзия вомехӯрад.

Бозиҳои даври ½-ниҳоӣ 22 сентябр доир мешаванд.

Ғолибони даври нимниҳоӣ 25 сентябр дар финал ва дастаҳои мағлуб барои медалҳои биринҷӣ миёни ҳам мубориза мебаранд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2022 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид