ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ПОЯГУЗОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Ва ё зиндагӣ бо иродату матонату ҷасорати фарди ватандӯсту миллатпарваре дигаргуна гардид

Сентябрь 4, 2022 09:57

ДУШАНБЕ, 04.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Замоне буд, ки дар Тоҷикистон ба ҷои рақсу суруд садои тиру тӯп баланд мешуд, ба ҷои шодӣ ашк мерехт, ба ҷои сурур дар дилҳо ғам ҷо гирифта буд. Кас гумон мекард, ки ин ҷанги бемаънӣ поён надорад. Барои расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аҳли башар онро эътироф ва арҷгузорӣ менамояд, шахсияте зарур буд, ки мардуми мамлакатро муттаҳид ва сулҳу суботро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор намояд. Офтоби бахту толеъ ба рӯи мардуми тоҷик дубора дурахшид ва зиндагӣ бо иродату матонату ҷасорати фарди ватандӯсту миллатпарваре, чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон куллан дигаргуна гардид. Дар чунин шароити фалокатовар ва хатарноки ҷомеа, ки кишварро ба нестӣ рӯ ба рӯ мекард, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омаданд.

«Аз ин ҳодисаи наҷотбахши миллати мо 31 сол сипарӣ мешавад ва мардуми мо ҳар соли онро бо ифтихор замони истиқлолият ном мебаранд»,- гуфт сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии мамлакат Зуҳуриддин АСРОРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Замони истиқлолият

31 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои Олии ҶТ) қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Минбаъд ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Пешвоён миллатро эҳё мебахшанд

Таҷрибаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки Пешвои ҳар миллат ҳамчун шахсияти созанда ва бунёдкор наметавонад дар муддати кӯтоҳ ба вуҷуд ояд. Барои ба вуҷуд омадани он даҳсолаҳо зарур меояд, то афроде чун Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, миллатро эҳё бахшанд. Дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш сарварии ҷомеаи онрӯзаи тоҷиконро пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон аз ҷасорати баланди ватандӯстияшон гувоҳӣ дода, бо ин иқдом дар он рӯзҳо дар дили мардуми ҷангзада ва фалокатдидаи тоҷик дари умеду шуълаи хушбахтӣ боз намуданд.

Он кас бо кӯшишу талошҳои худ барои ба Ватан баргардонидани охирин гурезаи тоҷик мубориза бурда, тамоми имконоти дар ихтиёр доштаи худро истифода намуданд. Маҳз ҷасорат ва иродаи қавияшон буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ мардуми тоҷик аз вартаи ҷанги дохилии бародаркуш наҷот ёфта, Тоҷикистони воҳид дар ваҳдату якпорчагӣ ба арсаи ҷаҳони муосир шиносонида шуд.

Дар дохили кишвар Сарвари давлат баҳри хотима бахшидан ба мухолифату даргириҳо ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву якдигарфаҳмиро миёни гурӯҳҳои даргир ба миён гузошта, дар муддати кӯтоҳ кишвари азизи моро дар радифи давлатҳои мустақили ҷаҳон қарор доданд.

Террорист ватану миллат надорад

Дар ҷаҳони имрӯз бунёди давлати миллӣ ва дар ин замина, устувор намудани пояҳои истиқлолияти кишвар яке аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб меравад, зеро дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатҳое, ки дар пояи арзишҳои миллӣ бунёд мегарданд, ҳамеша зери хатари терроризм ва фитнаву дасисаҳои неруҳои ифротгарои дохилию хориҷӣ қарор дошта, роҳбарони ин ҳаракатҳои носолим бо ҳар роҳ ба амнияту суботи ҷомеа халал ворид кардан мехоҳанд. Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид менамоянд, ки террористону экстремистон ҳаргиз ватану миллат надоранд ва ҳамеша ниятҳои нопоки худро бо ваъдаю афсонаҳои бофта рӯпӯш карда, дар сангарҳои дур дар хизмати кадом як бадхоҳи башарият қарор доранд… Онҳо худро пуштибони дини мубини ислом муаррифӣ намуда, ба ин васила садҳо ва ҳатто ҳазорон нафар ҷавонони гумроҳро ба доми фиреби худ кашида, зидди қонуният ва арзишҳои инсонӣ баромада, мавқеи инсонро дар ҳама ҷабҳаҳои коргузорӣ ва ҷомеадорӣ танг кардан мехоҳанд.

Раҳ ба сӯи нуру сафо

Тайи 31 соли соҳибдавлатӣ, баъди ҳама ранҷу азоб ва заҳмати шабонарӯзӣ миллати созандаю бунёдгузори мо ба бузургтарин дастовардҳо дар тамоми соҳаҳо ноил гардид. Аз ҳама дастоварди бузурги мо дар замони истиқлолият — расидан ба аслу насаби хеш мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Тоҷикистон-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ низ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сокинон шароити арзанда муҳайё намуд. Дубора ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун», ки армони мардуми тоҷик буд, маҳз бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол гардида, кулли сокинонро аз муҳтоҷию торикӣ раҳоӣ бахшида, ба сӯи равшанӣ ва нуру сафо раҳнамун сохт.

Эҳёи қаҳрамониҳо

Хизмати мондагори Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир меёбад, ки фарзандони фарзонаи миллатро, ки дар таърихи миллати тоҷик хизматҳои беназир кардаанд, бо унвони Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.

Номи якчанд абармардони илму фарҳанг муддатҳои зиёд дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буд. Маҳз дар замони истиқлолият ва бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи ин фарзонагони миллат, чун устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Мирзо Турсунзода аз нав зинда шуда, онҳо ба унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор шуданд.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, чун забон ва Ватан аввалин иқдомҳои устувору ҷасоратманд гузошта, дар минбарҳои баландтарини дунё бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намудаанд. Маҳз ин ҷасорат ва ватандории Ҷаноби Олӣ буданд, ки миллат ва забони модарии мо имрӯз мавриди шинохт ва эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2022 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 1303 синфхона бунёд мешавад
Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
Илму маориф дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлати ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи хосса дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИДАВЛАТӢ. Дар вилояти Хатлон 2762 биною иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон осоишгоҳи замонавӣ бунёд мегардад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода