ФУТБОЛ. Имрӯз бо бозии «Эсхата» ва «Регар-ТадАЗ» даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад

Сентябрь 2, 2022 14:28

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз ёфта, то 4 сентябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ- 2 сентябр дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, 3 сентябр- дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо КМВА-и шаҳри Душанбе, 4 сентябр- дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам вомехӯранд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ин пеш дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии мавқуфмондаи даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сатҳи баланд баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 3 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Ҳар се голи дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаҳои 48-ум, 72-юм ва 90+4-ум ба нишон расонида, дар анҷоми бозӣ беҳтарин бозингар эътироф шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сафар бо дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ вориди рақобат мегардад. Вохӯрии дастаҳо 4 сентябр дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рудакӣ доир мегардад. Дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 11 бозии анҷомдода 24 имтиёз ба даст оварда, садрнишини ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад. Дар зинаи дуюм дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 22 имтиёз дар 12 бозии анҷомдода ҷо гирифтааст.

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

    Б Ғ М Б Т-Т Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 11 7 3 1 25-6 24
2 «Хатлон» (Бохтар) 12 6 4 2 13-6 22
3 «Файзканд» (Восеъ) 12 6 3 3 15-16 21
4 «Равшан» (Кӯлоб) 13 5 5 3 14-12 20
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 5 4 3 14-8 19
6 КМВА (Душанбе) 12 5 2 5 16-19 17
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 13 4 2 7 16-13 14
8 «Эсхата» (Хуҷанд) 12 3 2 7 16-24 11
9 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 3 1 8 10-18 10
10 «Равшан» (Зафарабад) 13 2 4 7 11-28 10

 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2022 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ва Уқёнусия оид ба самбо соҳиби 27 медал гардиданд
Шоҳҷоизаҳои гӯштини миллии шаҳри Ваҳдатро Сомон Аламов ва Ғазалшои Давлатшо сазовор шуданд
Ғолибону ҷоизадорони 15-умин Ниммарафони байналмилалии шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуданд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Футболбозони навраси то 17-солаи Тоҷикистон ба Ватан бармегарданд
Ғолибони бозиҳои даври панҷум байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол муайян шуданд
Даромад ба Мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ройгон эълон гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2025 ба таври арзанда ҷамъбаст намуд
Хонандаи тоҷик ғолиби Ҷоми Осиё оид ба таэквондо ITF гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ рақобат менамояд