ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД. Маркази илмии кишоварзии Помир бо мақсади мутобиқ намудани зироати сабзавотӣ ба шароити Бадахшон машварати илмӣ-амалӣ доир намуд
ХОРУҒ, 05.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази илмии кишоварзии Помири Академияи кишоварзии Тоҷикистон барои деҳқонону боғдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, олимони Институти биологии Помир ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ машварати илмӣ-амалии минтақавӣ баргузор намуд, ки мавзӯи асосии он- мутобиқ намудани зироати сабзавотӣ ба шароити Помири ғарбӣ буд, хабар додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.
Зимни машварат олимон ҳам ба таври назариявӣ ва ҳам амалӣ ба деҳқонону боғдорон оид ба тарзу роҳҳои ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи навъҳои гуногуни тухмиҳои мутобиқгардида тавсияҳои судманд доданд.
Директори Маркази илмии кишоварзии Помир, номзади илмҳои кишоварзӣ Сӯҳроб Мусоев изҳор дошт, ки «яке аз ҳадафҳои аслии ин муассисаи илмӣ- анҷом додани тадқиқот бо мақсади кашф ва интихоби навъҳои сермаҳсули сабзавоту ғалладонагиҳо ва коркарди технологияи парвариши онҳо дар шароити кӯҳистон мебошад. Дар шароити кӯҳистон, ки замини корам хеле кам аст, зарурати бамаротиб баланд бардоштани ҳосилнокии сабзавоту меваҷот ба миён меояд. Бинобар ин Маркази илмии кишоварзии Помири назди Академияи кишоварзии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира барои омӯзиш ва тадқиқот тухмии картошка, помидору бодиринг ва лубиёдонагиҳоро аз Маркази миллии захираҳои генетикии ҷумҳурӣ мегирад. Ҳоло 3 навъи нахӯд, 5 навъи мош, 3 навъи зағир, 10 навъи картошка дастрас карда шуда, дар қитъаҳои таҷрибавии ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим кишт гардиданд. Пас аз машварати назариявӣ мо ҳамроҳи деҳқонон ба сари қитъаи замини таҷрибавӣ меравем ва дар он ҷо ба таври амалӣ дар бораи тарзу усулҳои парвариш ва ҳифзи сабзавот аз ҳашароти зараррасон мубодилаи афкор мекунем».
Дар машварати илмӣ-амалӣ муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода ширкат намуда, аз олимон давъат намуд, ки робитаи худро бо деҳқонон боз ҳам таҳким бахшанд ва дар гирифтани ҳосили баланду босифат ба онҳо кумак расонанд. Зеро дар шароити муосир ва тағйирёбии иқлиму мубодилаи тухмиҳо бо кишварҳои хориҷӣ имкони пайдо гардидани ҳар гуна ҳашароти зараррасон вуҷуд дорад. Аз ин рӯ ҳар навъи тухмиро дар озмоишгоҳ санҷида, пас аз он кишти онро ба деҳқонон бояд тавсия дод.
АКС: АМИТ «Ховар»









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






