ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Он дар тӯли 27 соли фаъолият аз як қисми ҳарбӣ ба сохтори муқтадири қудратӣ табдил ёфт

Сентябрь 3, 2022 13:50

ДУШАНБЕ, 03.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра такмил ёфта, аз як қисми ҳарбӣ ба сохтори муқтадири қудратӣ табдил ёфтааст. Дар айни замон қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ қариб дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият карда, ҳайати шахсии он баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммадоштаашон содиқона хизмат мекунанд»,-зикр дошт зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» полковники гвардия, сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Комилзода.

Шурӯъ аз соли 2010 3 сентябр дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” Рӯзи Гвардияи миллӣ таҷлил карда мешавад, ки сохтори мазкур воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои муҳими давлатӣ ба зимма дорад.

Тавре Хайринисо Комилзода иброз намуд, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар афсарону сарбозони гвардия дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳайати шахсии гвардия аз рӯзҳои аввал бо боварию эътимод по ба арсаи ҳастӣ гузошта, дар лаҳзаҳои тақдирсози миллат дар майдони ҳарбу зарб ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид. Хизматҳои 307 нафар бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шудаанд, ки 79 нафарашон пас аз марг мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки давлату ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медорад.


Ба гуфтаи Х. Комилзода, ҳифз ва мудофиаи иншооти махсусан муҳими давлатӣ, иштирок намудан дар маросими қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, таъмин намудани амнияти шахсони расмӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои маросимӣ, ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии Гвардияи миллӣ буда, ҳамчунин мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои вобаста ба таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди терроризм ва дигар чорабиниҳо иштирок намуда, ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳо мусоидат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангӣ, беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии афсарону сарбозон пайваста ғамхорӣ зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.

“Бо мақсади такмил додани қобилияти ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ Маркази миллии мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ба истифода дода шудааст, ки масоҳати марказ 110 гектарро дар бар гирифта, аз машқгоҳҳои муҷаҳҳази замонавӣ барои тирпаронӣ аз силоҳи гуногун, майдонҳои ронандагӣ, биноҳои баландошёна ва макет-маҳалҳои аҳолинишин барои гузаронидани машқҳои махсус ва нуқтаҳои назорат иборат буда, барои фароғату истироҳати ҳайати шахсӣ хобгоҳу ошхона ва нуқтаҳои маишӣ сохта шудаанд. Марказ барои гузаронидани машқҳои низомӣ ва мусобиқаҳои васеи ҳарбӣ бо иштироки ҳайати зиёди хизматчиёни ҳарбӣ мувофиқ мебошад. Дар айни замон дар ин марказ хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии кишвар ҳам ба тамрин машғул мешаванд”,-изҳор дошт Х.Комилова.


Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз вазифаҳои асосии гвардия- ҳифзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин вазифаи ифтихориро Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ иҷро мекунад. 18 ноябри соли 2006 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нав оғоз гардид. Дар маросими ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бори нахуст бо тамоми меъёрҳои ҳуқуқиву таърихӣ баргузор гардид, шарафи баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори баргузории маросим ба зиммаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вогузор шуда буд. Ин шарафи бузургро аз Фармондеҳ то сарбози қаторӣ бо ифтихор ва садоқат ба ҷо оварданд.

Хайринисо Комилова изҳор медорад, ки хизмат дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорӣ мебошад. “Ин ҷо ҷавонон бо азму иродаи қавӣ хизмати ҳарбӣ ихтиёр карда, таълим мегиранд. Бештари онҳо баъди ба итмом расидани муҳлати муқарраргардидаи ҳатмии хизмати ҳарбӣ, ки ду солро дар бар мегирад, дар рӯҳияи ҷасорату мардонагӣ, дӯст доштани Модар-Ватан ва садоқат ба Президенту халқи бузурги тоҷик тарбия ёфта, хизматро дар ҳамин сохтори бонуфузи низомӣ идома медиҳанд”,-зикр намуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст