ИЗҲОРОТИ ВКХ оид ба идома ёфтани сиёсати таъқибкоронаи Қирғизистон нисбат ба тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2022 14:10

ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолатҳои дар қаламрави Қирғизистон мавриди таъқибу таҳдид ва табъизу зулм қарор гирифтани тоҷиктаборон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки рӯзҳои охир тамоюли афзоиш пайдо кардааст, изҳори нигаронӣ менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

14 сентябри соли 2022 мағозаҳои тоҷикони муқими ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ баста шуданд. Ҳамчунин шарҳвандоне, ки аз минтақаҳои наздисарҳадии Қирғизистон кӯчонида шуда буданд, бадқасдона, дар хонаҳои истиқоматии тоҷиктаборони ноҳияи мазкур ҷой карда шуданд.

18 сентябри соли 2022 кормандони Раёсати КДАМ-и ноҳияи Ленини ш.Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои оилаи Негматовҳо – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади иҷборан аз қаламрави Қирғизистон берун кардан тасарруф намуданд.

18 сентябри соли 2022 шахсони номаълум оинаҳои мошини шаҳрванди Ҷумҳурии Точикистон Ҳамдамов Амонбойро, ки муваққатан дар шаҳри Бишкек истиқомат мекунад, шикаста, ба он ранг пошиданд.

Тибқи маълумоти дастрас, аз сӯи мақомоти қудратии Қирғизистон аз кишвар берун намудани зиёда аз 500 донишҷӯ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мактабҳои олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.

Гузашта аз ин, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар ҳудуди Қирғизистон фаъолият менамоянд, бо фишору таҳдид талаб карда мешавад, ки барои “кумак ба қурбониёни Бодканд” маблағҳои пулӣ ва маводи ғизоӣ супоранд.

Боиси нигаронист, ки шоми 18 сентябри соли 2022 шахси номаълуми тахминан 35-сола бо роҳи зӯрӣ ва ибрози таҳдиду таҳқир нисбат ба Тоҷикистон кӯшиш намуд, ки ба қароргоҳи Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад.

Чунин табъиз нисбат ба тоҷикон дар ҳоле амалӣ мегардад, ки 20 сентябри соли ҷорӣ ВКД Қирғизистон бардурӯғ изҳороти паҳннамудаи ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора беасос арзёбӣ намуд.

Ҳодисаҳои дар Қирғизистон бавуқӯъомада ба муқаррароти Изҳороти муштараки Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (Чолпон-Ота 21 июли соли 2022), аз ҷумла ба банди 25-уми санади мазкур, ки дар он “зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз қабили нафароне, ки муваққатан ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ ба онҳо” дарҷ шуда, аз ҷониби Президенти Қирғизистон низ қабул гардидааст, қатъиян мухолифат мекунанд.

Ҷониби Тоҷикистон сиёсати таъқибкоронаро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон натиҷаи дар Қирғизистон ҳукмрон будани маъракаи таблиғотӣ ҷиҳати дар симои Тоҷикистон тасвир намудани душман арзёбӣ намуда, аз Ҳукумати Қирғизистон талаб мекунад, ки барои роҳ надодан ба табъиз нисбат ба тоҷиктабарон ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд, тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Тоҷикистон ҳамчунин аз Қирғизистон даъват ба амал меорад, ки амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва аъзои оилаи онҳо тибқи уҳдадориҳои кишвари маҳалли иқомат, ки аз меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, таъмин карда шавад.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 22, 2022 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд