Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» («Искусство книги») дар Москва ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбеи гузашта дар Москва натиҷаҳои Озмуни VII байналмилалии кишварҳои узви ИДМ «Санъати китоб» («Искусство книги») эълон гардиданд. Ин озмун аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ ташкил карда шуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», ки аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе соли 2009 ба чоп расидааст, дар номинаи «Илм ва ҳаёт» («Наука и жизнь») ғолиби озмун шуд.
Ба озмун 155 асар аз 11 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуданд. Ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ба китобҳо аз рӯи 9 номина, аз қабили «Содружество» («Иттиҳод»), «Моя страна» («Кишвари ман»), «Книга для детей и юношества» («Китоб барои кӯдакон ва наврасон»), «Наш современник» («Ҳамзамони мо»), «Наука и жизнь» («Илм ва ҳаёт»), «Арт-книга» («Китоби бадеӣ»), «Отпечатано в Содружестве» («Дар Иттиҳод чоп шудааст»), «Гран-При» ва «Победа» («Ғалаба») баҳо гузоштанд.
Дар номинаи «Китоб барои кӯдакон ва наврасон» асари дигар аз Тоҷикистон – китоби осори мунтахаби Убайди Зоконӣ, ки аз ҷониби муассисаи табъу нашри «Маориф ва фарҳанг» чоп гардидааст, низ ғолиб дониста шуд.
Дар ҳар номина ғолибон муайян гардида, чанде пеш бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Натиҷаҳои озмун дар доираи Намоишгоҳи XXIII байналмилалии китоби Москва, ки дар пойтахти Русия ҷараён дорад, эълон карда шуданд. Дар намоишгоҳ дар майдони 30 ҳазор метри мураббаъ зиёда аз 800 нигора аз 56 мамлакати ҷаҳон ба маъраз гузошта шудаанд. Меҳмонони намоишгоҳ, ки онро 760 хабарнигор аз 320 воситаи ахбори омма инъикос мекунанд, метавонанд бо 200 000 асар ба даҳҳо забонҳои ҷаҳон шинос гарданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид






