МАБЛАҒ СУПОРИДАНД ВА БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР РАФТАНД. 1200 нафар шаҳрвандон ихтиёран ба захираҳои сафарбарӣ ҷалб карда шуданд

Сентябрь 7, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 07.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 17 августи соли 2022 тибқи талаботи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» 1200 нафар шаҳрвандоне, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян ба захираҳои сафарбарӣ даъват шудаанд, дар марказҳои таълимии «Фаҳробод»-и вилояти Хатлон, «Тоҷмаҳал» ва «Лоҳур» дар гарнизони шаҳри Душанбе, инчунин дар заминаи филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд хизмати ҳатмии моҳонаи ҳарбиро ба унвони даъватшаванда мегузаранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сардори маркази матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалӣ хабар дод.

Тибқи нақша, барномаҳои таълимии даъватшавандагони ихтиёрии захираҳои сафарбарии низомӣ 16 сентябри соли ҷорӣ пурра ба итмом расида, баъди адои савганди ҳарбӣ ба онҳо билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ супорида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки баъди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 шаҳрвандон аллакай бори дуюм аст, ки баъд аз гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда, ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид карда мешаванд.

Дар ҳама майдонҳо ва марказҳои таълимӣ барои хидмати ҳаррӯзаи ҳайати шахсӣ, ташкил ва гузаронидани омодагии саҳроии назариявӣ ва амалӣ тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, барномаҳои таълимии ҳарбӣ тибқи нақшаи хизмати 30-рӯза дар сафи даъвати захираҳои сафарбаркунӣ таҳия, тасдиқ ва амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 20 январи соли 2021 парлумони Тоҷикистон дар таҳрири нав қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синни ҳарбӣ баъди пардохти маблағи муайян ва гузаштани омодагии моҳонаи ҳарбӣ имкон доранд дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ҳарбии ҳатмиро адо намоянд.

Зимнан, тибқи муқаррароти қонуни нав, наваскарон барои гузаштан аз ин шакли хидмат метавонанд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ муроҷиат намуда, пас аз пардохти маблағ дар хазинаҳои Амонатбонк, барои хидмат сабти ном шаванд.

Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалӣ маблағҳои супоридашуда ба суратҳисои махсуси Вазорати мудофиа ворид шуда, сипас барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, шаҳрвандоне, ки то қабули қонуни мазкур рутбаҳои ҳарбиро гирифта, дар эҳтиёт қарор доранд, нисбати онҳо ин қонун татбиқ карда намешавад. Талаботи қонуни мазкур танҳо аз санаи қабул, яъне аз 29-уми январи соли 2021 мавриди амал қарор дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд