Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст.
Боиси нигаронист, ки ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






