Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати Cарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад.
Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






