ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ФУТЗАЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Баҳрайн бозӣ мекунанд

Сентябрь 27, 2022 15:25

ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 сентябр то 8 октябр кишвари Кувайт мизбони бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё оид ба футзал мегардад. Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 16 кишвар ширкат меварзанд. Дастаҳои иштирокчӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, дастаҳои беҳтарин ба даври плей-офф роҳ меёбанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Имрӯз Чемпионати Осиё оид ба футзал дар Кувайт бо бозии дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Туркманистон оғоз шуд. Даврон Чориев аз ҳайати дастаи мунтахаби Узбекистон дар дақиқаи 5-уми бозӣ ба дарвозаи дастаи мунтахаби Туркманистон гол зада, муаллифи аввалин гол дар Чемпионати Осиё 2022 гардид.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Туркманистон шомили гурӯҳи «В» мебошанд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Баҳрайн бо ин дастаҳо дар як гурӯҳ қарор доранд.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Баҳрайн имрӯз соати 15:50 оғоз мешавад.

Акс: ФФТ

Сентябрь 27, 2022 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Соли 2022 дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон 96 бозии байналмилалӣ анҷом додаанд
Дастаи «Бешкент» ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои духтаронаи то 15-сола шуд
«ТӮБИ ЧАРМИН». Мактаббачагони ноҳияи Деваштич ғолиби мусобиқа миёни наврасон (U-17) гардиданд
ЧҶ-2022: БОЗ ШАВҚОВАРТАР. Чаҳор ҷуфти 1/8-финал аллакай маълум гардиданд
ДЗЮДО. Се гӯштингири тоҷик дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузург дар Ҷопон номнавис шудаанд
Дастаи «Зебонисо» чемпиони секаратаи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оид ба футбол шуд
ҶИНСИЯТ МУҲИМ НЕСТ, АСОС — СИФАТИ КОР. Фардо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2022 ҳодисаи таърихӣ рух медиҳад
ЧҶ-2022. Дастаи мунтахаби Эрон пас аз бохт аз ИМА ба даври баъдии мусобиқа роҳ наёфт
Ғолибони бозиҳои 31-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ЧҶ-2022: Бразилия ва Португалия пеш аз муҳлат ба марҳилаи 1/8-финал роҳ ёфтанд
Ҳендболбоздухтарони тоҷик дар Чемпионати Осиё ҷойи дуюмро сазовор шуданд
ФЕДЕРАТСИЯИ МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТАИ ОСИЁ ТАЪСИС ЁФТ. Дафтари марказии он дар Душанбе ҷойгир мешавад