ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ФУТЗАЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон бозӣ мекунанд

Сентябрь 29, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 29.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 16:00 бо вақти Душанбе бозии даври дуюми Ҷоми Осиё-2022  миёни  дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин  пештар  футзалбозони бомаҳорати  тоҷик   27 сентябр дар даври аввали бозиҳои гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби Баҳрайн бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Голҳои Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев, Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров ба дастаи мо се имтиёз оварданд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Узбекистон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 8:0 зафар ёфт.

                                                                                                                                    Акс: ФФТ

Сентябрь 29, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд