Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 8, 2022 19:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карда, дар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.

Аз 121 метр баландӣ иборат будани Маҷмааи “Истиқлол” рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.

Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи “Истиқлол” тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, Истиқлолият, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расид. Озмуни мазкур 11 марти соли 2020 аз ҷониби аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид. Дар маҷмуъ дар озмуни кушод 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд.

Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гуруҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таҳия гардид, сазовори ҷойи якум шуд. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик мебошад. Ҳангоми тартиб додани Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ” лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи “дарахти ҳаёт” такя намуданд, ки он ғояву мазмуни васеъро ифода ва таҷассум менамояд.

Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя — рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.

Маҷмааи майдони “Истиқлол” аз бахшҳои алоҳида иборат мебошад ва маҷмааи рамзи “Истиқлол” дар маркази боғ бино ёфтааст, ки аз берун атрофи онро 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳота намудаанд.

Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ — Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”,  “Тоҷикон дар асрҳои XI — XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.

Дар ошёнаи якуми Маҷмааи “Истиқлол” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои хизматрасонии маҷмаа, аз ҷумла намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, намунаи дастовардҳои аҳли эҷод, толори синамо ва ҳуҷраҳои корӣ шинос шуданд.

Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи “Истиқлол”и Майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст.

Осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.

Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Осорхонаи шаҳри Душанбе табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд. Мавҷудияти чунин ёдгориҳо гувоҳи он аст, ки Душанбе дорои таърихи қадима буда, дар ҳудуди он аз давраҳои қадим ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу оинҳои гуногун рушд карда буд.

Иншоот мувофиқ ба талаботи муосири осорхонашиносӣ ва ороиши замонавӣ бино ёфтааст. Экспонатҳои осорхона доир ба таърихи қадимаи Душанбе ва рушди шаҳр дар давраи навтарин ба тамошобинон маълумоти муфассал манзур менамоянд. Ҷобаҷогузории нигораҳо мувофиқ ба хронологияи таърихӣ амалӣ шудааст.

Дар осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомониро, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шинос шуданд.

Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тоҷи дар болои тахт ҷойдодашуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро  сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра,  ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.

Аз ду тарафи тахт грифҳо ё худ шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгир аст, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Бояд гуфт, ки тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.

Атрофи онро ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри  қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Хулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё —  бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.

Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани ашёҳои гирдовардашуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони кишвар, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой, фаъолияти осорхонаро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд.

Аснои боздид аз осорхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону бостоншиносон барои ҳифзи ҳамаҷонибаи ин ёдгориҳои гаронарзиш, густариши фаъолияти осорхонаи навтаъсис, ҷалби бештари тамошобинон ба сайри осорхона, ошно намудани наврасону ҷавонон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллӣ ба воситаи ёдгориҳои ба намоиш гузошташуда ба шаҳрдории Душанбе ва масъулони осорхона дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Баъди боздид аз осорхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи тамошои намои пойтахт зебогиҳои шаҳрро мушоҳида карданд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҷойҳои ҷолиби Маҷмааи рамзи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад. Он дар ошёнаи 14 дар сатҳи 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ташкил.

Дар Майдони “Истиқлол” беш аз 200 нафар сокини маҳаллӣ, ки шумораи зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ин иншооти муҳташам аз Маҷмааи рамзи “Истиқлол”, минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, деворнигораҳо, майдони баргузории роҳпаймоӣ, гулгашт, таваққуфгоҳҳо ва ғайра иборат аст.

Дарвозаи марказии майдон, ки 43,8 метр дарозӣ, 9 метр паҳноӣ ва 32,67 метр баландӣ дорад, бо истифода аз масолеҳи баландсифат бунёд шудааст ва он дар қисмати хиёбони Рӯдакӣ воқеъ мебошад.

Дар Майдони “Истиқлол” бо ибтикори  Сарвари давлат дар давоми ду сол дар ин майдон зиёда аз 7,5 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишии нодир шинонида шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан аксари дарахтони нодирро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд. Ин дарахтон бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар гушаҳои гуногуни майдони Истиқлол шинонида шудааст.

Тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеъи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи тамоми меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Акнун баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ майдони асосию марказӣ, қалби пойтахт ва каъбаи умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон гардид, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудааст.

Минбаъд дар дар ин мавзеи дилфиреб ва муъҷизаи нотакрори меъморӣ  чорабиниҳои сатҳи олии ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии тоҷикон баргузор мегардад.

Баъди ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи рамзи “Истиқлол” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идона суханронӣ карда, ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Барномаи пуршукуҳи идонаро ба муносибати солгарди истиқлоли давлатӣ ҳунарнамоии устодони санъати тоҷик, аҳли ҳунари Тоҷикистон ва ҳамоиши хонандагону донишҷуёни коллеҷу мактабҳои олии пойтахт, ки беш аз 30 000 нафарро ташкил медод, идома дод.

Дар чорабинии бошукуҳи идона аз ҷониби аҳли ҳунар сурудҳои тараннумкунандаи зебогиҳои диёри бостонӣ, шукуҳу шаҳомати Ватани азиз, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, васфи ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва хислатҳои башардӯстии Пешвои муаззами миллат пешкаш карда шуд.

Ифтитоҳи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе 08.09.2022

Сентябрь 8, 2022 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба ятимони кул туҳфаҳо тақдим намуданд
Сокинони ноҳияи Шаҳристон бар ивази маблағи ҳаҷ деҳаҳоро обод менамоянд
Дар Панҷакент 508 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд