Президенти Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки масъалаи таъмини пурраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгоронро ҳал намояд

Сентябрь 1, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 01.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми мамлакат супориш доданд, ки масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар замони соҳибистиқлолӣ раванди сохтмону навсозӣ ва таҳкими пояҳои моддиву техникии мактабҳо вусъати бесобиқа пайдо кард. Аммо таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони сатҳи баланди касбӣ, норасоии омӯзгорони таҷрибадору забондони фаннӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа аз масъалаҳои ҳалталаби имрӯзаи соҳа мебошад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар норасоии омӯзгорон 3406 нафарро ташкил медиҳад.

Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд.

«Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд», — супориш доданд Президенти мамлакат.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.

«Яъне мо – падару модарон бояд ҳаргиз фаромӯш насозем, ки ояндаи Тоҷикистон ва фардои давлату миллат ба фарзандону набераҳои мо – наврасону ҷавонон тааллуқ дорад», — таъкид карданд Пешвои миллат.

Сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ дар суҳбат бо агентии иттилоотии «Sputnik» хабар дод, ки дар вилоят қариб 130 нафар омӯзгорон соҳиби ҷойи кор шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон дар ярмаркаи ҷойҳои холӣ, ки қабл аз оғози соли таҳсил баргузор шуд, ҷойи кор пайдо карданд.

«Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 21 нафар, Ҷаббор Расулов 33 нафар, Исфара 20, Мастчоҳ 20, Деваштич 18, Шаҳристон 15 ва дар шаҳри Бӯстон 1 омӯзгор роҳхат дарёфт намуда дар мактабҳо бо кори доимӣ таъмин гардиданд», — илова намуд ӯ.

Ба гуфтаи Нодирӣ, давоми ҳашт моҳи соли 2022 беш аз 28 ҳазор нафар ба ниҳоди онҳо муроҷиат карда, 13,9 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Қаблан сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки 1 сентябр ҳудуди 4 ҳазор муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи хонандагон боз мекунанд, ки дар онҳо беш аз 2 миллион нафар таҳсил карда, ҳудуди 130 ҳазор омӯзгор ба онҳо дарс медиҳанд.

Ӯ тавзеҳ дод, ки соли 2022 беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад. Аксарияти онҳо дар муассисаҳои таълимии навбунёд таҳсил хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, дар Рӯзи дониш дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ ифтитоҳ мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷойгиранд.

Ба ин мактабҳо аллакай директорҳо таъйин шуда, 356 нафар омӯзгорони фаннӣ ба кор гирифта шудаанд ва 25% омӯзгорон аз Русия меоянд.

Акрамхоҷа АКБАР,
АМИТ «Ховар»

АКС: © Sputnik / Амир Исоев

Сентябрь 1, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Чин Созишнома дар бораи воридшавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Иттифоқи Донишгоҳи Абрешим ба имзо расид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
Масъалаи ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷопон баррасӣ шуд
Дар деҳаи Шодмонқалъаи шаҳри Ваҳдат бинои нави муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе даври якуми озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир шуд
Хонандагони шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шуданд
«УФУҚҲОИ НАВ ДАР ИЛМ, ТАҲСИЛ ВА АМАЛИЯИ ТИББӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсия доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои муътадил гузаронидани зимистон чӣ гуна омодагӣ дидаанд?
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ». Таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони пойтахт озмун оғоз гардид