Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд

Сентябрь 15, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 15.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ карданд.

Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки тайи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.

Пешвои миллат ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон, ҷараёни мусбати афзоиши гардиши мутақобилаи молҳо тасдиқ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин замина сухан дар бораи мавҷудияти иқтидори калон барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути имкониятҳои бахши кишоварзӣ рафт.

Дар баробари ин, ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва «рушди сабз» ҳавасмандии зоҳир карданд. Ба татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар ин соҳаҳо низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик «ТАЛКО», ҳамчунин татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма иброз гардид.

Дар ин робита, Президенти мамлакат ба дурнамои бузурги ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳамчунин ба ташкили паркҳои муштараки саноатӣ ишора карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин изҳор доштанд, ки ҷониби Чин нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкории зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Инчунин ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкории амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» ҳаматарафа таъкид кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе-Кулма.

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 15.09.2022

Сентябрь 15, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд