Сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 дар як ҳафта дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон коҳиш ёфт

Сентябрь 2, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 02.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон дар як ҳафта 16% ва фавт 13% коҳиш ёфтааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар варақаи эпидемиологии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) гуфта мешавад.

Аз 22 то 28 август сатҳи гирифторӣ ба коронавирус дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон коҳиш ёфт. Коҳишёбӣ бештар дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ (37 %) ва Аврупо (20 %) мушоҳида шудааст.

Ҳамагӣ дар як ҳафта дар саросари ҷаҳон беш аз 4,5 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 ошкор гардид.

Теъдоди фавтидагон бар асари коронавирус дар ҳама минтақаҳо, ба истиснои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором, ки дар онҳо фавт мутаносибан 15% ва 3% зиёд шудааст, коҳиш ёфт. Коҳишёбии ҳолатҳои фавт дар Африқо (64%), Баҳри Миёназамини Шарқӣ (35%) ва Аврупо (30%) ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, давоми як ҳафта дар саросари ҷаҳон 13,5 ҳазор нафар бар асари COVID-19 фавтидаанд.

Дар тамоми давраи пандемия дар ҷаҳон беш аз 603 миллион ҳолати сирояти коронавирус ошкор гардида, беш аз 6,4 миллион нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 2, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид