Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии ғайрирасмии вазирони кишварҳои СҲИ оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ширкат варзид

Сентябрь 23, 2022 10:56

ДУШАНБЕ, 23.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ доир гардид, ки дар он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ ба масъалаҳои мубрами кишварҳои исломӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва вазъи кунунии Афғонистон ишора кард.

«Кишварҳои Созмон аз захираҳои инсонӣ ва табиӣ, инчунин аз имконияти бузурги энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ бой буда, истифодаи самараноки он метавонад ба рушди вазъи иқтисодӣ ва шукуфоӣ, таҳкими сулҳу субот ва амният дар паҳнои созмон хизмат кунад», — ёдрас шуд С.Муҳриддин.

Акс: ВКХ ҶТ

Сентябрь 23, 2022 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд