Сироҷиддин Муҳриддин: «Таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем»
ДУШАНБЕ, 22.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узви Созмонро оид ба рӯзномаи мубрами МУ СММ муҳим арзёбӣ кард.
Дар ин вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намуд.
Вазирони корҳои хориҷӣ аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкории созмонҳо мусоидат мекунад, зикр намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ








Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






