ТАВАҶҶУҲ! 7-8 сентябр дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мегардад

Сентябрь 6, 2022 13:22

ДУШАНБЕ, 06.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе  расонида мешавад, ки 7-8 сентябри соли равон аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳдудияти воситаи нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8 сентябр бахшида ба он барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд, ҷорӣ карда мешавад.

Инчунин дар ин давра воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА ВКД мамлакат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 6, 2022 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд