ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз канали дериватсионии хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Ҳ. Шерозӣ манъ мегардад

Сентябрь 21, 2022 09:36

ДУШАНБЕ, 21.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 сентябр бинобар   сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсозишавандаи хиёбони Рӯдакӣ, аз канали дериватсионӣ то пайвастшавӣ ба хиёбони Ҳ.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои  нақлиёт қатъ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбари дар ин хиёбон фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №4, 33 ва хатсайрҳои микроавтобусии №21, 24А, 26, 27 ва 34 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин  хатсайрҳо то ба истифода додани хиёбони мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Карамов, А.Ҳакимзода ва У.Хайём ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Рӯдакӣ истифода баранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2022 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад