ТАВАҶҶУҲ! Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

Сентябрь 14, 2022 12:44

ДУШАНБЕ, 14.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорат озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 4 октябри соли 2022 ба Вазорат равон кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар зер рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон пешкаши хонандагон мегардад.

  • атташеи раёсати корҳо – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупои раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи тадқиқоти стратегии раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • котиби якуми шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо – 1 ҷой;
  • котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ – 1 ҷой;
  • мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;
  • мушовири раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ – 1 ҷой;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе – 1660 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1825,25 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби якум ва мушовир – 2220,10 сомонӣ;

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби
мушовир ва котиби якум

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби
котиби дуюм

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;

— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;

— маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби атташе

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли чомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
  • донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
  • маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир.

 Талаботи тахассусӣ барои баъзе аз мансабҳои маъмурӣ

— талаботи тахассусӣ барои мансаби мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;

— талаботи тахассусӣ барои мансаби мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ — таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;

— талаботи тахассусӣ барои мансаби котиби якуми раёсати кадрҳо — таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё гуманитарӣ;

Талаботи иловагӣ нисбати ҳамаи довталабон

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

 Рӯйхати ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи вазири корҳои хориҷӣ (Word);
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (Word);
  3. Тарҷумаи ҳол (Word);
  4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
  5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳинома (сертификат) аз забони хориҷӣ.

Номгӯи саволҳои эҳтимолӣ барои озмун (PDF)

Дастурамалҳои мансабӣ (PDF):

атташеи раёсати корҳо;

котиби дуюми шуъбаи муассисаҳои хориҷии сарраёсати консулӣ;

котиби дуюми шуъбаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупои раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка;

котиби дуюми шуъбаи тадқиқоти стратегии раёсати тадқиқоти стратегӣ;

котиби дуюми шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти раёсати ташрифоти давлатӣ;

котиби якуми шуъбаи муассисаҳои хориҷии раёсати кадрҳо;

котиби якуми раёсати персонализатсияи сарраёсати консулӣ;

мушовири шуъбаи банақшагирӣ ва баҳисобгирии муҳосибии раёсати молиявӣ;

мушовири шуъбаи таъминоти ҳуқуқии сарраёсати консулӣ;

мушовири раёсати хизматрасониҳои консулии сарраёсати консулӣ;

Эзоҳ:

Довталабоне, ки забони давлатӣ, русӣ ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд намедонанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро пурра пешниҳод намекунанд ба озмун роҳ дода намешаванд.

Ҳуҷҷатҳо то санаи 4 откбяри соли 2022 қабул карда мешаванд.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шероз 33

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-15-61, 221-70-27

Сентябрь 14, 2022 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад