ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Душанбе то соли 2026 сад корхонаи истеҳсолӣ бунёд мегарданд

Октябрь 10, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе то соли 2026 100 адад корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Сохтмони  ин корхонаҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат барои солҳои 2022-2026 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тавре мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Нурмаҳмад Маҳмадуллозода иброз дошт, тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо муҳоҷирони ватанӣ барои фаъолият дар ин корхонаҳо ҷалб карда мешаванд.

«Дар доираи нақшаи чорабиниҳо давоми солҳои 2022-2026 дар пойтахт бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваи хушк, ғизои кӯдакона ва дигар маҳсулоти нав бо дарназардошти талабот ва эҳтиёҷот дар шаҳри Душанбе, корхонаҳои нави истеҳсоли семент, гаҷкартон, хишт ва дигар маводи сохтмонии воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда ба нақша гирифта шудааст»,- гуфт Нурмаҳмад Маҳмадуллозода.

Инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми ин солҳо сифат ва банду басти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла алюминий ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ  мутобиқ гардонида мешавад.

Ҳамзамон дар ин муддат рушди миёнасолонаи саноат дар сатҳи на кам аз 20 фоиз таъмин карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,5 милиард сомонӣ расонида мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла  раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

«Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд. Инчунин имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии кишвар  аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад»,-афзуд мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд