ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ.Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нахустин шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд

Октябрь 1, 2022 12:11

ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамоатҳои  деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо оғоз гардидани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ омодагии худро изҳор дошта, собитқадамона барои хидмати ҳарбӣ қадам гузоштанд.

Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркӯҳ, инчунин маркази шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Масъулин ва собиқадорону волидони даъватшавандагон хизмат дар сафи Артиши миллиро гузаштан аз мактаби мардонагӣ унвон намуда, бо ифтихори зиёд изҳор доштанд, ки ҷавонони Воруху Чоркӯҳ дар ҳимояи марзу буми меҳани хеш ҳамеша бояд дар сафи пеш бошанд. Зеро ин минтақаҳои марзии кишвар буда, аз ҳомиёни Ватан дар ҳама давру замон матонат, далерию шуҷоатро тақозо мекунанд.

Чорабинии гусели наваскарон дар шаҳри Исфара бо риояи тамоми анъанаҳо баргузор гардид. Дар ҳузури иштирокдорон пешсафон, волидони сарбозон ва наваскарон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба ҷамъомад шукӯҳу шаҳомати хосса бахшид. Диловарони ватан ҳамроҳи азизони худ то дер гоҳ хурсандӣ намуда, бо рӯҳияи баланд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 1, 2022 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд