«ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САБЗ-2023». Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Олмон иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои иштирок дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз-2023», ки моҳи январ дар Олмон доир мешавад, даъват гардид. Дар ҳошияи намоишгоҳ инчунин Форуми ҷаҳонии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн баргузор гардид.
Зимни мулоқот Андреас Протманн даъватномаи Вазири кишоварзии Федеролии Олмонро ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳи мазкур ба Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории муштарак бо Олмон дар доираи лоиҳаҳо, ҳамзамон иқтидору имконияти истеҳсолию содиротии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон аз сатҳу сифати ҳамкории мавҷуда изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо изҳори ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи кишоварзӣ баён намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






