«АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Шумораи идонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ҳаҷми 70 саҳифа нашр шуд

Октябрь 5, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози Рӯзи забони давлатӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри махсуси 70-саҳифагии рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо теъдоди 5000 нусха ба нашр расид. Дар ин бора зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи фарҳанг ва маънавиёти рӯзномаи мазкур Муҳаммадуллоҳи Табарӣ хабар дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, Рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашри махсусро таҳти унвони «Аз қасри Арбоб то майдони Истиқлол» ба табъ расонд, ки дар он матолиби шахсиятҳои шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 31 соли истиқлолият, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шукуфоии кишвар, ташаккули мақому манзалати забони давлатӣ дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат сухан меравад.

Нашри махсус бо суханони ходими намоёни давлатӣ Асадулло Раҳмон оғоз  мегардад, ки ӯ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи миллат ва давлатдории тоҷикон абадӣ унвон кардааст. «Дар ҳамаи давру замон дар идораи давлату рушди ҷомеа ва ояндаи пойдору устувори он роҳбарони фозилу хирадманде зарур буданд, ки ҷомеаро бо андешаҳои бунёдӣ сӯи эҳё ва ташаккул бурда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табори шахсиятҳоеянд, ки барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро иҷро намуда, баҳри рушди бесобиқаи Тоҷикистони азиз ва фардои неку дурахшони Ватан ҷоннисориҳо кардаанд.

Роҳи тайкардаи ин абармарди ҷабҳаи сиёсат фарохтар аз марзу буми Тоҷикистони азиз рафта, бо хираду фитрати азалӣ миллату давлати тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳони мутамаддин соҳиби ҷойгоҳи муносибу арзанда намуд. Давлатро аз нестӣ,  миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, ваҳдати сартосариро таъмин сохт»,- нигоштааст Асаддуло Раҳмон.

Дар саҳифаҳои рӯзнома матолиби ҷолибу хонданибоби олимон Кароматулло Олимов, Фарҳод Раҳимӣ, Муҳаммадюсуф Имомзода, ходимони давлатӣ Ғайбулло Афзалов, Амиршо Миралиев, Гулафзо Савриддинова, Эмомалӣ Насриддинов ва дигаронро метавон мутолиа намуд.

Хонандагон метавонанд навиштаҳои раисони вилоятҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар мавзӯи «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон-мактаби садоқат ба миллат аст», Раиси вилояти Суғд Раҷҷабой Аҳмадзода «Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлол ва эҳёи давлатдории миллӣ» ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода «Нақши Пешвои миллат дар таъмини амнияти озуқаворӣ»-ро мутолиа намоянд.

Ҳамчунин дар саҳифаи 22-и рӯзнома оид ба нақши Пешвои миллат дар бунёди нодиртарини иншооти аср- НБО «Роғун» сухан меравад, ки муаллифи он Лашкар Шарифзода нигоштааст:  «Ин иншооти муҳташами гидроэнегетикӣ, ки сохтмонаш баъди суқути давлати Шӯравӣ қатъ гардида буд, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё шуд. Алорағми нотавонбинон ва кишварҳое, ки зидди бунёди ин иншооти бузург буданд, бо ҷасорат ва истодагарии қатъии Сарвари давлат ва ҷалби сармояву мутахассисони баландпояи ватаниву хориҷӣ сохтмони он вусъат гирифта, ду чархаи неругоҳ ба истифода дода шуд…». Идомаи ин матлабро хонандагон метавонанд аз рӯзномаи мазкур мутолиа кунанд.

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар саҳифаҳои худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ навиштаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад таҳти унвони «Сипари ҷовидон», ректори ДДЗТ Жило Гулназарзода дар мавзӯи «Камоли забони миллат дар каломи Пешвои миллат», ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Аюб Усмонзода «Истиқлол ва шукӯҳи маънавии забони тоҷикӣ» ва дигар муаллифони варзидаро ба нашр расонидааст, ки ҷолиби диққатанд.

Тавре мудири шуъбаи фарҳанг ва маънавиёти рӯзномаи мазкур Муҳаммадуллоҳи Табарӣ зикр намуд, «Аз қасри Арбоб то майдони «Истиқлол» ном гирифтани саҳифаи аввали рӯзнома бесабаб нест ва  дар умум ин матлаб фалсафаи хос дорад, зеро сӣ сол қабл дар Қасри Арбоб фарзонафарзанде бо номи Эмомалӣ Раҳмон сари минбар омад, ки имрӯз дар қалби Тоҷикистон- Душанбеи гулпираҳан майдони «Истиқлол»-ро бо бурҷи ҳамном ҳамчун «манораи сулҳу бурҷи побарҷои миллат» бунёд намуданд. Тантанаи истиқлол аз ин майдон то саросари дунё рафт.

Матлаби мазкур гузориши густурдаи мухбирони рӯзномаи «Ҷумҳурият» Фарзонаи Файзалӣ, Шаҳноз Қурбон, Меҳрангез Қодирова мебошад, ки рӯзноманигорон аз ин ду макони барҷаста дидан намуда, муфассал гузориш додаанд.

Хонандагон метавонанд дар баробари матолиби ҷолибу хонданибоб ҳамчунин аз тамошои аксҳои нодире, ки ба таври ҳадиси мусаввар тасвир ёфтаанд, баҳра баранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид
«Телевизиони Бадахшон» ба формати пахши дақиқияташ баланд- HD гузашт
Дар шаҳри Теҳрон маҳфили адабии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баргузор шуд