БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода аз ҳисоби соҳибкорону сокинони деҳа мумфарш карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Турсунзода Саидамин Остоназода иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки тибқи он дар 45 мавзеъ зиёда аз 120 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ асфалтпӯш карда мешаванд. Хушбахтона, то имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 20,9 километр роҳҳо бо саҳми сокинону соҳибкорон ва мақомоти иҷроия мумфарш карда шуданд. Мумфаршкунии роҳҳои нақшавӣ то охири фасли тирамоҳ муташаккилона идома мекунад.
Дар мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Турсунзода саҳми кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр калон аст. Тибқи иттилои сармуҳандиси ин муассиса Амиралӣ Носиров, имрӯзҳо 5 техникаи ин муассиса ба мумфарш намудани роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳр сафарбар гардидаанд. Ҳамчунин то имрӯз аз тарафи кормандони ин муассиса 165 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ карда шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






