БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Данғара дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раёсати Раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғар иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассиса ва фаъолону аҳли ҷамоат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ин давра муовини Раиси ноҳия Даврон Бегмуродзода ҳисобот дод. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар нуҳ моҳи соли равон фаъолияти худро ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои таъмини волоияти қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, рушди муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани донишомӯзию тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода бурда истодааст.
Дар анҷоми ҷаласа роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Раҳмон оид ба дастовардҳои ҷомеаи меҳнатии ноҳия дар ин давра ибрози назар намуда, ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2022-2023 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара












Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд






