Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2022 эълон гардиданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2022 Бен Бернанке, Дуглас Даймонд ва Филип Дибвиг «барои пажӯҳиши бонкҳо ва буҳрони молиявӣ» гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Twitter-и ҷоиза.
Дар иттилоияи сомонаи ҷоиза гуфта мешавад, ки ҷоизадорони имсола фаҳмиши моро дар бораи нақши бонкҳо дар иқтисодиёт, бахусус дар давраи буҳрони молиявӣ беҳтар намуданд. Олимон дар таҳқиқоти худ ба суоли муҳим- то чӣ андоза муҳим аст «шикасти бонкиро пешгирӣ кард» посух додаанд. «Андешаҳои ҷоизадорон ба мо кумак карданд, ки ҳам аз буҳронҳои ҷиддӣ ва ҳам аз кумакҳои гаронарзиш канорагирӣ намоем»,-зикр карданд дар Кумитаи Нобелӣ.
Ҷоизаи Алфред Нобел дар риштаи иқтисод дар соли 2021 ба Дэвид Кард, Ҷошуа Дэвид Ангрист ва Гвидо Имбенс барои саҳми методологӣ дар таҳлили сабаб ва натиҷагирии алоқа дода шуд. Олимон ба ҷаҳониён фаҳмиши нави бозори меҳнатро ошкор намуда, нишон доданд, ки дар бораи сабаб ва натиҷаҳои таҷрибагузаронӣ дар табиат чӣ гуна метавон хулоса баровард.
Ҳафтаи Нобел 3 октябр бо эълони номи барандагони ҷоизаҳо дар бахшҳои физиология ва тиб оғоз ёфт. 4 октябр ҷоизадорони номина дар бахши физика, 5 октябр дар бахши химия ва 6 октябр дар бахши адабиёт эълон гардиданд.
Ҷоизаҳо 10 декабр, дар рӯзи марги Алфред Нобел супурда хоҳад шуд. Маблағи пулии ҳар номина 10 миллион крон (тақрибан 915 000 доллар)-ро ташкил медиҳад.
АКС: nobelprize.org








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






