Бо сокинони Бадахшон дар мавзӯи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбатҳо доир шуданд

Октябрь 20, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳия  доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Ҳамзамон Қодир Қосим дар аснои мулоқот таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.

Дар мулоқот муовини аввали Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода сухан гуфт.

Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода баён кард, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолиятро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон қадр менамоянд.


Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода бо интихобкунандагон доир гардид, ки дар он вакили мардумиро муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва муовини якуми Раиси ноҳияи Шуғнон Латиф Шоҳзода ҳамроҳӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ Азиз Гиёзода оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои баргирифта аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  маълумот  дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ доданд, дар  ин ноҳия низ бо иштироки муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода, инчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода бо сокинон мулоқот баргузор шуд.

Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода оид ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин дастовардҳои кишвар, натиҷаҳои меҳнати фидокорона ва қаҳрамононаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Умедҷон Носирзода ва Ҳусния Раҷабзода оид ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мурғоб, қомат афрохтани иншооти таъйиноти гуногун, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар гардидани шароити рӯзгори мардум нисбат ба солҳои пеш сухан гуфтанд.

Ҳамзамон аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор бошанд. Ҳамеша кӯшиш бар он диҳанд, ки манфиати милливу давлатиро аз манфиатҳои дигари шахсиву фардӣ боло гузошта, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва ваҳдату ягонагӣ амал намоянд.

Зимни сафари корӣ Умедҷон Носирзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода  ҳамроҳ бо Ҳусния Раҷабзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Аличур, Беморхонаи марказии ноҳия ва Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дидан намуданд.


Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 то 22 октябри соли 2022 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон суҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: МИҲД-и ноҳияҳои ВМКБ

Октябрь 20, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Ҳайати Парламенти Федератсияи Русия бо бинои нави Парламенти Тоҷикистон шинос гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон Барно Саидвализода бо сокинону интихобкунандагон дар ноҳияҳои Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг вохӯрӣ намуд
Сомонаи нави Маҷлиси намояндагон ба фаъолият шуруъ намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо масъулони соҳаи маорифи шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ дар Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва иқлим сухан намуд
Дар палатаи поёнии Парлумон бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кӯлоб барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳри Бохтар вохӯрӣ намуданд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандону табибони шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ менамоянд