Бо сокинони Бадахшон дар мавзӯи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбатҳо доир шуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳия доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.
Ҳамзамон Қодир Қосим дар аснои мулоқот таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз ҷалб кард.
Дар мулоқот муовини аввали Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Низом Мирзозода сухан гуфт.
Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода баён кард, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои азими созандагӣ роҳандозӣ гардида, мардуми ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолиятро дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани кишвари азизамон қадр менамоянд.


Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода бо интихобкунандагон доир гардид, ки дар он вакили мардумиро муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва муовини якуми Раиси ноҳияи Шуғнон Латиф Шоҳзода ҳамроҳӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ Азиз Гиёзода оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои баргирифта аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот дод.
Зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ доданд, дар ин ноҳия низ бо иштироки муовини Раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода, вакили Маҷлиси намояндагон Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода, инчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода бо сокинон мулоқот баргузор шуд.
Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода оид ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимтарин дастовардҳои кишвар, натиҷаҳои меҳнати фидокорона ва қаҳрамононаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Умедҷон Носирзода ва Ҳусния Раҷабзода оид ба пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Мурғоб, қомат афрохтани иншооти таъйиноти гуногун, баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар гардидани шароити рӯзгори мардум нисбат ба солҳои пеш сухан гуфтанд.
Ҳамзамон аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор бошанд. Ҳамеша кӯшиш бар он диҳанд, ки манфиати милливу давлатиро аз манфиатҳои дигари шахсиву фардӣ боло гузошта, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва ваҳдату ягонагӣ амал намоянд.
Зимни сафари корӣ Умедҷон Носирзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода ҳамроҳ бо Ҳусния Раҷабзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Аличур, Беморхонаи марказии ноҳия ва Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дидан намуданд.


Ёдовар мешавем, ки тибқи нақшаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 14 то 22 октябри соли 2022 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо интихобкунандагон суҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: МИҲД-и ноҳияҳои ВМКБ








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд






